А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сумбула»-и деҳаи Сумбулаи ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи дуюми соли 2018 бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.





























