ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар маҳаллаи Навшоди ҷамоати деҳоти Озодагон тибқи нақша-чорабиниҳо бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар, мутахассиси кумита Ғафуров Сайдамир ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Самиев Муҳаммадӣ вохӯрӣ доир гардид.
Аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Навшод” дар баробари роҳандозии чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумии маҳалро ташкил намуданд. Дар он маҳсули заҳмату меҳнати онҳо ба маърази намоиш гузошта шуда буд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон оид ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, ки фарогирандаи тамоми самтҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар буда андешаронӣ намуд. Дар баробари ин ташаккули фарҳанги техникӣ, мубориза алайҳи нашъамандӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва риояи қонунҳои миллии қабулгардидаи Ҳукумати кишвар дар меҳвари вохӯрӣ қарор доштанд.
Вакили мардумӣ Самиев Муҳаммадӣ оид ба хатари терроризму экстремизм ба истиқлолияти давлатӣ, пешгирӣ аз и хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ, ки ба косташавии маънавиёти ҷомеа хала ворид месозад, суханронӣ намуда, афзуд, ки яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротӣ дода шудани ҷавонон ин бо хурофотпарастӣ заҳролуд шудани мафкураи онҳо мебошад.
Бинобар ин лозим аст, ки аҳли ҷомеа ва фарзандонро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инсондӯстӣ тарбия намуда, оқибатҳои манфии таассубу сиёсикунонии динро фаҳмонем.
Дар охир, якчанд нафар фаъолони маҳал баромад намуда, барои ташрифи масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия арзи сипосашонро баён дошта, иброз карданд, ки дар амалӣ шудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои бунёдкоронаи Роҳбари давлат ҳамаҷониба заҳмату меҳнат карда, дар ободии маҳалли худ саҳмгузор мешаванд.