БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати фармасефтӣ” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок намуданд.
Зимнан Ализода Одил ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ҳарф зада, қайд намуд, ки ҲХДТ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамагон вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузорад.
Имрӯзҳо сохторҳои ҳизбӣ, махсусан, кумитаҳо ва ташкилотҳои ибтидоиро зарур аст, ки ҳамарӯза аз мушкилоти аҳли ҷомеа огоҳ бошанд ва барои ҳалли онҳо ҳамкории самаранокро бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд. Такшилотҳои ҳизбӣ бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ба мафкураи мардум таъсир мерасонад ва онҳоро ба корҳои созанда ҷалб менамоянд.