Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Ҳосилоти ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Сулаймонова Лола қайд кард, ки дар асл Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ ва ҳунармандон мебошад. Эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат аз як тараф мавзеъҳои сайёҳии кишварамон ободу зеботар гардида, аз ҷониби дигар барои эҳё ва зинда гардонидани ҳунарҳои хонагӣ, густариш додани урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгонамон ва дар ин замина бедор кардани завқи мардум ба ҳунарҳои дастӣ, ҷалб намудани ҷавонон ва занҳои хонашин ба истеҳсолоти хонагӣ мусоидат намуд.
Инчунин, таъкид гардид, ки барои инсони боҳунар аз ҳама чизи гарон ва муқаддас ин ҳунари волояш мебошад, зеро аз рӯи ҳунараш дар байни ҷомеа эҳтироми хоса дошт ва дар ободиву пешравии Ватани худ, бо ҳунари дастон ва омӯзонидани ҳунари худ ба шогирдон саҳми арзанда мегузорад.