ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шӯртеппа»-и ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур мардуми ҳунарманди деҳа ҳунарҳои дастранҷи хешро ба намоиш гузоштанд. Дар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил аз намоиши омоданамудаи ҳунармандони деҳа дидан намуда, ба ҳунармандии онҳо аҳсану офарин хонда, қайд намуд, ки занону модарони мо аз азал ҳунарманд буданд. Эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ барои аз нав эҳё намудани ҳунарҳои занони ҳунарманди мост.
Дар охир занону модарони деҳа аз ин икдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ҳунарҳои дастии хешро ба фурӯш бароварда, зиндагии хешро аз ин ҳисоб метавон пеш бурд.