БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ баҳри эҳёи анъанаҳои неки ниёгон

ҚУБОДИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои маҳаллӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳия тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, қолинбофиву намадбофӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон, қуроқдӯзӣ, кӯрпачаву кӯрпадӯзӣ намоиш дода шуд.

Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ваҳобиддин Абдуллоев ба иштирокчиён фаҳмонид, ки аз   ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg