БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни бадбахтро на худо мебахшаду на халқ

ВОКУНИШ. Баъд аз огаҳӣ ёфтан аз расонаҳои хабарӣ, ки як зумра хоинони миллат – наҳзатиҳои лаънатӣ ба худ либоси дигар дарбар карда, чор созмони оппозитсионӣ ташкил карда худро ба ҳайси чеҳраи нави сиёсии оппозитсионӣ бо номи «Паймон» дар мамлакатҳои хориҷ муаррифӣ карданд, дарк кардам, ки дигар онҳо ҳамаи қувваву неруашонро аз даст дода, ба шантаж гузаштаанд.

Ҳодисаҳои нангине, ки дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон рух дод ҳатто дар доираҳои сиёсии хоҷагони хориҷиашон ҳам ҷиддӣ пазируфта нашуд.

Кори дигари нанговар, ки наҳзатиён дар рафти ҷаласаи САҲА дар Варшава анҷом доданд, ин шантажи дуюмашон буд. Муҳтавои ин шантаж аз он иборат буд, ки мехостанд аз роҳи провакатсия мехостанд варақаи таблиғотиашонро ба дасти ҳайати ҳукуматӣ базур “қапонанд”-у акс гиранд. Пас аз нописандӣ нишон додани провакатори наҳзатӣ ба огоҳиҳои лафзӣ билохира як мушти обдор ба манаҳаш хурду боз гашт. Ин мушти таърихӣ воқеан дар ҷояш буд, зеро ба қавли мардум “Саги девонаро дору кулух аст...” Ҳамчунин, наҳзатиҳо аз ҷониби САҲА низ барои ин кӯшиши ғайриахлоқиашон гушмол шуданд.

Мо хоҳони онем, ки ин хоинони бадсиришт аз роҳи пурхиёнаташон баргарданду ба назди ин сарзамини биҳиштосо ва ин кишвари ободу озоду зебо сар фуруд оварда, саҷда намоянд, тавба кунанд. Аммо гумон аст, ки мардум ин қассобони даст дар хуни миллат тарро бубахшад. Ин бадбахтҳоро на Худо мебахшабу на халқ!

А. М. Маҳмуродов - узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg