БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди анъанаҳои неки ниёгон дар шакли муосир

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи ба номи “А.Лоҳултӣ”  дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи хатлонӣ» ва «Кадбонуи беҳтарин» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар озмуни мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол, и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Холов Бегмурод ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд. Дар озмуни мазкур сокинон тамоми маҳорати дӯзандагиву ресандагӣ, намоиши дастовардҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва таъомҳои миллиро ба маърази намоиш гузоштанд.

Пас аз тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ масъулин барои ташкили чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланд  ба мардуми деҳот миннатдорӣ баён карда, ба онҳо барои боз ҳам ривоҷӯ равнақ додани касбу ҳунарҳои миллӣ тавсияҳои судманд доданд.  

Сокинон аз иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, эълон кардани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумиро давоми ғамхориҳои ватандӯстона донистанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg