МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Ободони ҷамоати деҳоти ба номи Ш.Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳаи мазкур тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Рамазон Ҳайдаров иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, ба дарки ҷавонон расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот ва амнияти кишвар, расидан ба қадри дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ андешаронӣ кард.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки барои беҳбудии рӯзгори сокинон ва ободии Ватан нигаронида шудааст, даъват намуда, зикр кард, ки он маблағҳое, ки дар ҷашну маросимҳо, тӯйю маъракаҳо сарф менамоянд, беҳтар мешуд дар таъмири роҳу пулҳои маҳали зист, тоза кардани оромгоҳҳо, дасти кӯмак дароз намуда ба шахсони яккаву танҳо, ятимону барҷомондагон, оилаҳои ниёзманди ҷомеа, бесаробонмонда харҷ кунанд.