БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷикон яке аз ҳадафҳои аслии мо ҳизбиён аст

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон дар маҳалла ва кӯчаҳои Ҷамбул, Лоҳутӣ, Исоев, Баҳор, Калинини ҷамоати шаҳраки Балх бо сокинон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Содиқова Меҳрубон оид ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал суханронӣ намуда, қайд кард, ки тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддиву маънавии ҷамъият, тағйирнопазирии сохти кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор гардонидани фаъолияти ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо, таъмини рушди устувори пояҳои истиқлолият, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои коррупсионӣ бояд аз самтҳои муҳимми фаъолияти сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg