БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таваҷҷуҳи хоса ба ҳунарҳои миллӣ тавассути намоиши ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар доираи ҷадвали вохӯриҳо дар деҳаи Анварободи ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятиии “Армуғони сулҳ”, шоираи Ваҳдатсаро Хосият Вализода роҳандозӣ гардид.

Зимнан, дар рафти ин чорабинӣ Валиева Саъбагул суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ бо маром идома доранд. Бо такя ба ин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли-2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина ҳавасманд гардонидани ҳунармандон, яъне аз ҳамагуна андоз озод намудани онҳо барои сайқал додани ҳунарашон ва эҳё намудани анъанаҳои суннатӣ, гувоҳ аз тинҷиву осоиштагии мардум ва истиқлолияти комили кишвар аст.

Ба ин хотир таъкид шуд, ки барои пойдории сулҳ ва абадӣ нигоҳ доштани  Ваҳдати миллӣ дар Ватани азизамон, ҳар яки моро водор ба он мекунад, ки дар зери сиёсати роҳбарии Пешвои муаззами миллат сарҷамъ бошем ва баҳри ободии мамлакатамон ҳамаҷониба кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg