АНДЕША. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзо созмон ёфта, аз тарафи Кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.
АНДЕША. Паёми имсолаи Пешвои миллат масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро дар бар гирифта, зимни ироаи он дар мавриди рушди тамоми соҳаҳои кишвар сухан ронда, ба Ҳукумати мамлакат ва мардуми бошарафи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Мисли ҳарвақта масъалаи зан-модар мавриди таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат қарор гирифт. Дар ин маврид Роҳбари давлат иброз доштанд, ки соҳае нест, ки нақши занон дар он мушоҳида нашавад.
АНДЕША. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паём дастурест барои фаъолияти минъбаъда ва раҳнамоест барои татбиқи ҳадафҳои созанда.
ЛЕВАКАНТ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор гардид.
АНДЕША. Гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақа ва ҷаҳон, имрўзҳо амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ карор додаанд. Муссалам аст, ки чанд рӯзи охир бархурд ва нофаҳмоиҳое дар минтақаи кӯҳии Бадахшон ба амал омада, гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, аз ин истифода намуда, ҷавонони дохил ва хориҷи кишварро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо маълумоти бардурӯғ гумроҳ месозанд.
ПАНҶ. Тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №10-и деҳаи 16-солагии Истиқлолият ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдин ноҳияи Панҷ бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
НОРАК. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” вохӯрӣ баргузор гардид.
МУЪМИНОБОД. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки зиёда аз 180 нафар фаъолону сокинон вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти мамлакат вохӯрии судманд доир карда шуд.
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Левакант ва бахши ҳифзи муҳити зист, ҷиҳати ободу зебо гардонидании кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо ҷалби кормандони фаъоли ташкилоту корхонаҳо дар кӯчаи Рӯдакӣ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.
ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов" вобаста ба ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ доир гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12