ДӮСТӢ. Бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, и.в.раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон, муовини якуми раиси ноҳия Ибодуллозода Асадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов, раиси ҷамоати шаҳраки 20-солаии Истиқлолияти давлатӣ Раҷаббек Абдуллоев ва якчанд раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати мазкур ҳашари шинонидани картошка доир гардид.