БОХТАР. Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаву башарпарваронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем!” дар шаҳри Бохтар ҷамъбаст карда шуд.