Ш.ШОҲИН. Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ кормандони масъули ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ» ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ бо мутасаддиён ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ суҳбат карданд.
Масъулини ҳизбӣ бобати бартараф ва ислоҳ кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ ба шахсони масъул маслиҳатҳои муфид доданд.