ҶАЙҲУН. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм фурӯғи маърифат» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 – и ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ миёни хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.