БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14- и ҷамоати шаҳраки Москва бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб, занон, аъзои фаъоли намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи ҳизбии “Тоҷикона мепӯшем” - ро бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ роҳандозӣ кард.

Дар аксияи ҳизбӣ занони фаъол аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Даштигуло, Панҷрӯд, Панҷоб, Москва, аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз муассисаҳои таълимии № 54,2,1,17,13,14, гимназия ва литсейи давлатии рақами 1   иштирок доштанд. Иштирокчиёни аксияи ҳизбӣ  бо либосҳои миллии чакан, атлас, адрас ва зардӯзӣ ба намоиш ҳозир шуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg