БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ҚУБОДИЁН. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ва якҷоя бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” мизи мудаввар бо мақсади таҷлили сазовори «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” доир намуда истодаанд.

Вобаста ба ин масъала дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миёни хонандагони синфҳои болоӣ ҳамоиш таҳти унвони «Пешвои миллат-ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон» баргузор гардид.

Дар баргузории чорабинии мазкур аъзои фаъол ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат намуда, қайд карданд, ки насли ҷавони кишварамон бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ дар масири ватандорӣ нақши бузург доранд. Ҷавонони мо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg