БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Май 2021

БИРАВ ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР...

ФАРХОР. Дар Литсейи касбӣ – техникии ноҳияи Фархор вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроия бо ҷавонони синну соли 15 – 23 сола дар мавзӯи “Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир” доир карда шуд.

ТАШРИФИ ҲИЗБИЁН БА ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ФАРХОР. Ҷиҳати  баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз ташкилоти ибтидоии “ВНМО”-и ноҳия дидан намуданд.

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади доир намудани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш  доир намуданд.

ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲХДТ - ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

ТЕМУРМАЛИК.  Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 – и ҷамоати деҳоти Ҳусайнободи ноҳияи Темурмалик дар  ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Темурмалик  Раҷабзода Маҳмадсаид  вохӯрӣ доир гардид.

ВАРЗИШ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ

НОРАК. Дар варзишгоҳи хурди ташкилоти ибтидоии “Варзиш” аз  18.05.2020  то 25.05.2020, дар байни 12 дастаҳои футболи хурд  аз ҳисоби ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии корхонаю муассисаҳо ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳр мусобиқаи варзишии футбол доир гардида истодааст.

ВОХӮРИИ СУДМАНД БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

НОРАК. Дар доираи маҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо хатмкунандагоне, ки имсол тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои олӣ дохил мешаванд, вохӯрӣ доир гардид.

ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БОЯД БУРД

НОРАК. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ҳамарӯза дар деҳот бо усули «хон

ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!

ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён” озмуни ноҳиявии Тоҷикистон- Ватани азизи ман!” даври умумимуассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид.

ДАЪВАТИ НАВРАСОН БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ҚУБОДИЁН. Бо иштироки масуълини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 – и Ҷамоати шаҳраки Қубодиён миёни хонандагони синфҳои поёнӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

ОЗМУНИ «МО БО ШУМОЕМ!» ГУЗАРОНИДА ШУД

ВОСЕЪ. Барои дастгирии ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ озмуни «Мо бо шумоем!»-ро баргузор намуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg