БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИРАВ ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР...

ФАРХОР. Дар Литсейи касбӣ – техникии ноҳияи Фархор вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроия бо ҷавонони синну соли 15 – 23 сола дар мавзӯи “Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир” доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин, аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ  Абдулҳамид Маҷидов иштирок намуда, бо ҷавонон оид ба мавзӯи болозикр суханронӣ кард. Ҳамчунин, мавсуф дар идомаи суханрониаш илова кард, ки имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат баҳри солимгардонии ҷомеа як қатор иншооти гуногуни варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки баҳри пешгирии ҷинояткорию оворагардии насли ҷавон ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ тамоми шароитҳои замони муосир муҳайё гардидаанд. Инчунин, дар бораи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ изҳори андеша намуда, зикр кард, ки минбаъд низ баҳри тарбияи фарзандон тамоми чораҳои зарурӣ бояд андешида шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg