БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади доир намудани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш  доир намуданд.

Зимни суҳбат бо аҳолӣ масъулин иброз доштанд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ сокинон бояд ба парвариши сабзавот ва дигар навъҳои меваҷот машғул бошад ва  ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода намоянд.

Инчунин, намояндагони ҳизбӣ ҳангоми гардиш маълум карданд, ки сокинон дар заминҳои наздиҳавлигӣ ба парвариши сабзавоти аълосифат, аз қабили помидор, бодиринг, райҳон, карам, шалғам, лиму, боимҷон ва дигар навъҳо шуғл дошта, дар таъмини бозори ноҳия саҳми назаррас доранд.

Ҳамзамон, ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои болозикр тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg