БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲХДТ - ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

ТЕМУРМАЛИК.  Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 – и ҷамоати деҳоти Ҳусайнободи ноҳияи Темурмалик дар  ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Темурмалик  Раҷабзода Маҳмадсаид  вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқот  қайд карда шуд, ки ҳадафҳои стретегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ дар мавзӯи Оиннома ва Барномаи  ТҶҶ «Созандагони Ватан »  ва низомномаи озмунҳои  «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» суханронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg