БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ «МО БО ШУМОЕМ!» ГУЗАРОНИДА ШУД

ВОСЕЪ. Барои дастгирии ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ озмуни «Мо бо шумоем!»-ро баргузор намуд.

Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, маҳорати худро нишон доданд.

Дар Комиссияи озмун мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, масъули бахши фарҳангӣ ноҳия, фаъолони ҳизб иштирок ва доварӣ намуданд.

Тибқи талаботи озмун маъюбони аз синни 6 то 18 сола аз рӯи 3 номинатсия иштирок намуда, ба маҳорати суханварӣ ва қироъати шеър хондани суруд ва навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 4 нафар ғолибон аз рӯи номинатсияҳои гуногун барои иштироки фаъолонаашон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ифтихорнома бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg