БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШВИҚИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ БОЛОӢ

ҶАЙҲУН. Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм фурӯғи маърифат» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 – и ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ миёни хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулин зимни суханронӣ қайд намуданд, ки озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.

Ҳамзамон, дар суҳбат қайд гардид, ки вақтҳои холигии худро беҳуда сарф накарда, барои иштирок дар озмунҳои мазкур кӯшиш намоянд ва аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ худдорӣ кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg