БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

Н.ХУСРАВ.  Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав   ҷиҳати  иҷрои супоришҳои роҳбарияти болоии  ҳизб вобаста ба афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, захираи  кофии  маводи  хӯрока истифодаи  самараноки обу  заминҳои  корам ва наздиҳавлигию президентӣ  дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои  Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ҳамарӯза   дар  деҳот бо  усули  «хона  ба  хона» корҳои  фаҳмондидиҳиро  роҳандозӣ  намуда,  аз  ҳар  як  оила  дидан   ва    истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ,  истеҳсолу  захираи  кофии  маводи  хӯрокворӣ  таъкимд менамоянд.

Ин  навбат  бо   сокинони деҳаи  Сангобаи ҷамоати  деҳоти Наврӯз вохӯриҳо  баргузор  гардида,  намояндагони ҳизбӣ ба  хонаҳои  сокинон ва  заминҳои  хоҷагиҳо деҳқонӣ  ташриф  оварда,     истифодаи  самараноки  заминҳои наздиҳавлигиашонро  дидан  карданд. Ҳамчунин   вусъати  корҳои  созандагию  ободонӣ   ба  истиқболи сазовори 30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ,  татбиқии  ҳатмии қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  « Дар бораи  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Дар  бораи   масъулияти  падару  модар  дар таълиму  тарбияи  фарзанд» ба дарки ҳамагон расониданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg