ШАҲРИТУС. Дар доираи иқдоми пешгирифтаи ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Обшорон” Набиев Қурбон, фаъолони ташкилоти ибтидоии Ватан ва саҳми соҳибкор Ашур Валӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии МДНРА “Роҳсоз” роҳи мошингард мумфаршу аз нав таъмири босифат карда шуданд.
Ин иқдоми некро сокинон давоми ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ба ташкилкунандагони корҳои ободонӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.