АНДЕША. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан, ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси боадаб буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад. Аз ин рӯ, аз чеҳраи шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша кардаанд, мудом нур меборад. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш кардаанд. Нурест, ки шахсро аз ҳар гуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин гуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфта:
Манманиҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар ки худро кам занад, мард он бувад.
Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумуъ низ ба миён меояд. Аз ин хотир, адаб роҳнамои зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки роҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот ва файзу баракат низ ҳукмрон аст. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд. Зеро фарогирии адаб ба худи инсон вобаста аст. Дар ин бораи қиссаи Луқмони Ҳаким пеши назар меояд: “Луқмони Ҳакимро пурсиданд:
-Адаб аз кӣ омӯхтӣ?
Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам”.
Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Зиндагӣ, ҷомеа моро водор месозад, андеша ва нигоҳи худро нисбати мароми зиндагӣ дигар кунем. Онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳодиҳӣ намоем. Ҳар як ҳодисотро бо тарозуи адаб баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Мисли оне, ки равшании офтоб пардаи торикии шабро медарад. Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол барои инсон ба қалам додаанд. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.
Одоб дар назари аҳли адаб худ бахту саодат, давлати ноёб, эътибору тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфтааст:
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кӯдакону наврасон рӯз ба рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад. Ғайр аз ин вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти хулқи ҳамида ҳастанд, ба маротиб зиёд гардидааст. Имрӯзҳо мо дар кӯчаю хиёбонҳо беадабии бархе аз ҷавонону наврасонро дида, беаҳамиятона аз назди онҳо мегузарем. Ҳол он ки мо бояд ба онҳо насиҳати бародаронаву хоҳарона намуда, онҳоро аз ин роҳи бад сари вақт баргардонем. Зеро ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи навину демократӣ нест.
Аз ин хотир, ҳамагони мо уҳдадорем, ки наврасонро дар руҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро пайваста такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар мадди аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:
Бояд аввал адаб андӯхтан,
Пас дигар касро адаб омӯхтан.
Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон