БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВРИ ШАҲРИИ “МО БО ШУМОЕМ!” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

БОХТАР. Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои эҳтиёҷманди ҷомеа ва ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаву башарпарваронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем!” дар шаҳри Бохтар ҷамъбаст карда шуд.

Озмуни мазкур аз рӯйи се номинатсия «Маҳорати суханварӣ ва қироати шеър”, “Маҳорати сурудхонӣ” ва “Маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ” баргузор гардид, ки тибқи хулосаи аъзои ҳакамон беҳтаринҳо қадрдонӣ карда шуда, ба даврӣ вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар озмун кӯдакону наврасони маъюб ва имконияташон маҳдуди аз 6 - сола то 18 - солаи шаҳри Бохтар иштирок намуда, миёни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Ҳайати комиссияи озмун ба ҳар иштирокчӣ баҳои арзанда дода, Шоимов Муҳаммад, Бобоева Бибиҳанифа ва Мирзоев Юсуфҷон ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg