БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

110 солагии устод М. Турсунзодаро сазовор пешвоз мегирем!

ҲАМАДОНӢ. Ба муносибати дар сатҳи шоиста баргузор намудани 110-солагии қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар маҷлисгоҳи МТМУ № 14 озмуни қироати шеър аз ашъори Мирзо Турсунзода бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Москва баргузор гардид.

Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 Неъматзода Аниса достони «Ҷони Ширин» устодро пурра аз ёд қироат кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Д. Ғаффорзода  20 нафар ғолибонро ба туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов озмунро бо шеъру сурудҳо ва рақсҳои дилошӯби худ ҷаззобу рангоранг намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg