БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРЗАНДОНИ БАНОМУСИ ВАТАН БА ЗАИФ СОХТАНИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛ РОҲ НАМЕДИҲАНД

БОХТАР. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Бохтар вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолони ҲХДТ бо хонандагон ва волидони онҳо доир шуд. 

Вохӯрии мазкурро  Ҳакимова Волида мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ифтитоҳ  карда, доир ба мақсаду мароми вохӯрӣ ибрози назар кард. Сипас, намояндаи Шуъбаи вазорати корҳои дохлӣ дар шаҳри Бохтар Сафарзода Гулбаҳор ба сухан баромада, таъкид дошт, ки  - айни замон, аъзои гурӯҳҳои террористиву эксремистӣ бисёр ҷоҳиланд. Агар ба рафторашон назар афканем, шармамон меояд, ки онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва бо рафтору кирдори ҷоҳилонаашон миллати тамаддунофари моро дар хиҷолат мегузоранд. Имрӯз аксарияти ҷавонони мо ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд. Ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гурӯҳҳо дар хориҷӣ кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлоли давлатӣ равона шуда, фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg