ҶАЙҲУН. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии оила як қатор тантанаҳо дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид, ки дар он оилаи намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Дар Қасри фарҳанг раиси ноҳия Одиназода Абдулҳафиз, роҳбарони ташкилоту идораҳо, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва як гурӯҳ шахсиятҳои шинохтаву рӯзгордида ташриф оварданд.
Одиназода Абдулҳафиз барои ташкили чорабинии идона, тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ изҳори сипос намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ миннатдории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуд. Аз ҷумла, дар суханрониаш қайд кард, ки бо ташаббуси созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оила ва солимии он дар ҷомеаи имрӯза ба як ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар чорабинӣ оилаҳои намунавӣ аз ҳаёту фаъолияти худ ба иштирокдорон маълумотҳои ҷолиби диққатро нақл намуданд. Инчунин, фаъолзанон дар бораи солимии оилаҳо, тарбияи фарзандон дар назди ҳозирин андешаҳои хешро изҳор карданд. Барномаи фарҳангии кормандони бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида сохта, ба 6 ҷуфти оилаҳои намунавии ноҳия, ки аз 5 то 50 сол зиндагии муштарак доранд, туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатиро раиси ноҳия Одиназода Абдулҳафиз тақдим намуд.