БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Октябр 2020

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ САҲМГУЗОРӢ ДАР РУШДИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат  зиндагии шоиставу  шароити  беҳтарро муҳайё намоем.

АЗ СИЁСАТ ТО ИНТИХОБИ ҶАВОНОН

АНДЕША. Соли 1991 халқи тоҷик истиқлолияти миллиро ба даст овард. Дар баробари ба даст овардани истиқлолият бадхоҳони миллати тоҷик мардумро ба доми фиребу фитна кашида, давлатро ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил доданд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳуриямон бисёр нооромиҳо, бесарусомониҳоро мардуми тоҷик аз сар гузаронидааст. Мардум наметавонистанд озодона дар  Ватан сайру гашт карда, кору фаъолият намоянд.

БА МАКРИ АШХОСИ ШАЙТОНСИФАТ ДОДА НАШАВЕД!

ВОКУНИШ. Қисми 4 ва 5-и филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо  кардем. Ростӣ аз саргузашти талхи даврони ҷанги таҳмилии Тоҷикистон хабар доштем, аммо то ин ҳад, ки дар ин қисматҳои филм шоҳид шудем, бохабар набудем. Ҳамаи ин як сенарияи махсусе будааст, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ таҳрезӣ гашта, ба воситаи гурӯҳҳои наҳзатӣ, ки барои онҳо пулу  мол, мансаб боло аз ҳамагуна арзишҳои инсонист, амалӣ гаштаанд.

ХАЛҚИ АЗИЯТДИДАИ ТОҶИК ДИГАРБОРА БА ДАССИСАҲО ДОДА НАМЕШАВАНД

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо мо дар остонаи маъракаи муҳими сиёсии кишвар-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

ХИЁНАТРО НАМЕБАХШЕМ!

ВОКУНИШ. Баъди тамошои филми мустанади «Хиёнат» андешае дар сарам чарх мезанад, ки бо кадом дидаю рӯ имрӯз наҳзатиён аз хориҷ истода, чониби кишвари азизи мо сангпартоӣ мекунанд. Охир он кирдорҳои разилонае, ки онҳо дар солҳои навадум нисбати халқи худ анҷом додаанд ҳоло аз хотири мардум фаромӯш нашудааст. Ба ивази пулу мол, курсӣ ба тамоми амоли зишт даст заданд, то ки  супориши хоҷагони хориҷияшонро иҷро намоянд.

ХИЁНАТ БА ВАТАН БАХШИДАНӢ НЕСТ!

ВОКУНИШ. Баъди тамошои филми “Хиёнат” боз дубора он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ пеши назарам омад. Роҳбарияти ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҲНИ барои мансаб, сарват ва давлатро соҳиб шудан даст ба хиёнат заданд, ки амали  ноҷавонмардони онҳо дар ин дунёву қиёмат нобахшиданист.

М У Р О Ҷ И А Т Н О М А

Интихобот ҳамчун рукни заминасоз ва асоси рушди ҷомеаи демократӣ дар таҳким ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон, ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум нақши муҳимму тақдирсоз дорад.

ХИЁНАТКОРОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” симои манфури наҳзатиёнро бори дигар кушод. Вожаи Ватан дар ҳамаи забонҳои дунё муқаддастарин калима тасвир ёфтааст. Бузургон ин ду калимаро, яъне Модарро ба Ватан ва Ватанро бо Модар шабоҳат додаанд. Ҳар як инсон худ қазоват кунад, ки бе сарчашмаи ҳаёт- Модар магар инсон ба дунё меояд? Ҳар як инсони соҳибақл худ андеша менамояд, ки албатта  бе Ватан зистан  душвор аст.

ПЕШВОИ МО - ИНТИХОБИ МО!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №12 вохӯрии гурӯҳи таблиғотию ташвиқотӣ ва аъзои  Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо интихобкунандагони деҳаҳои Қаҳрамон ва Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон оид ба  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзади арзандаи ҲХДТ муҳтара

БА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Сафедоби Ҷамоати деҳоти Панҷруд вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ ва аъзои  Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg