БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ САҲМГУЗОРӢ ДАР РУШДИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат  зиндагии шоиставу  шароити  беҳтарро муҳайё намоем.

АЗ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД АЗ ҲХДТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси муаззами он,  шахсияти таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери шиори “Барои пешрафт   ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор  карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон  тамоми  тадбирҳои  имконпазирро амалӣ месозад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини   рушди устувор ва бомароми  мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати  зиндагии арзандаи  аҳолӣ,  фароҳам овардани имкониятҳои баробар  ҷиҳати  татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти  барномаи ҲХДТ- рушди Тоҷикистони   соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот  мебошад.

Чуноне огаҳ ҳастем, дар Анҷумани 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки санаи 3 сентябри соли равон доир гардид,  аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа номзадии  шахси арзанда-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириву ҳамовозии  вакилони Анҷуман пешбарӣ гардид.

 Воқеан ҳам  барои мо- мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик  боиси  ифтихору сарфарозист, ки чунин як абармарди ватандӯсту халқпарвар ҳамчун арзандатарин  номзад  ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.

Ҳангоми ворид шудан ба майдони сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фурсати кӯтоҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар он шабу рӯз мардумро парешониву Тоҷикистонро нобудӣ таҳдид мекард, хотима бахшиданд. Миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуданд, Тоҷикистони парокандаро ба ҳам оварданд. Минбаъд рӯз то рӯз Ватани азизамон  пеш рафт, рушд намуд, тараққӣ кард, мардумро ба зиндагии беҳтар таъмин  намуданд. Ин шахсияти бузург бо заҳмату  талошҳои  худ миёни дигар давлатҳои абарқудрат Тоҷикистонро бо дастовардҳои  беназираш муаррифӣ  намуда, миллати тоҷикро  бо фарҳанги  волои ниёгон миёни дигар қавму миллатҳо  шиносонд ва имрӯз миллати моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанду  ҳамчун  миллати  куҳанбунёд эътироф мекунанд. Воқеан, адлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодат медиҳад, ки ҷоннисориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои  ин абармарди  дунёи сиёсат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани  халқи  парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани  нуфузу эътибори  миллати тамаддунофари  мо дар арсаи  байналхалқӣ буду ҳаст.  Заҳмату талошҳои доимии Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  буданд, ки ба ин рӯзҳои нек расидем. Мо дар тӯли  солҳои истиқлолият дар роҳи эъмори  ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба  пешрафтҳои  назаррас  ноил гаштем. Барои иҷрои ҳадафҳои   стратегии давлат, ки аз таъмини  амнияти озуқаворӣ,  истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръат ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар  иборат мебошанд, қадамҳои устувор  гузошта, тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардондем.  Пешрафти  босуботи иқтисоди мамлакат, пеш аз ҳама, дар натиҷаи  татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулгардидаи афзалиятнок, аз ҷумла “Стратегияи  баланд бардоштани  сатҳи некӯаҳволии  мардуми Тоҷикистон барои  солҳои 2013-2015, “Барномаи миёнамуҳлати рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, “Стратегияи идоракунии  молияи давлатӣ барои солҳои  2009-2018 ва дигар барномаҳои  давлатӣ таъмин гардид. Ҳоло дар кишвар  ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала  идома дошта, гузариш ба модели  нави рушди  иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои  тараққиёти устувор тибқи  “Стратегияи  миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ шуда истодааст.

Чунончӣ, дар ҳафт соли охир ҳаҷми  воқеии маҷмӯи  маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати  миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ  ба 7 фоиз  баробар шуд, ки  ин  мутобиқ ба меъёрҳои  байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд  ба ҳисоб меравад. Дар ҳафт соли  охир  зиёда  аз 120 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият  оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор  ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз  кам гардид. Сиёсати самарабахши молияи давлатӣ амалӣ гардида,  ҳаҷми умумии даромади  буҷети давлатӣ аз 12 миллиард сомонии  соли  2013 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020, яъне 2 баробар  афзоиш ёфтааст. Инчунин,  дар ин раванд  ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби  ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз  83 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла  зиёда аз 30 миллиард  сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои  кишвар, таъмини шуғли пурмаҳсул ва баланд  бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.   Мардуми сарбаланди тоҷик  ин пешниҳоди  Роҳбари давлатро  ҳамаҷониба дастгирӣ карда,  шахсони саховатманду  ватандӯст бо истифода аз имкониятҳои  доштаи воқеии хеш  дар ҳар гӯшаву канори  ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон  низ  сохтмони  иншоотҳои  хурду бузурги маъмурӣ, маишиву хизматрасонӣ ва фароғатиро ба анҷом расонида, бо иштироки бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мавриди  истифода қарор дода шуданд, ки аллакай дар зарфи  якуним соли   эълон гардидани  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида,  рушди соҳаи сайёҳӣ ва  омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст  ва ин иқдомҳои нек  то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт.  

Бо назардошти ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки  камтаринашонро мо дар  боло зикр кардем, аз Шумо даъват мекунам, ки рӯзи 11- уми октябри соли ҷорӣ ба ҷонибдории  арзандатарин ва фарзонатарин  фарзанди  барӯманди миллат- Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  овоз диҳед. Мо мутмаинем, ки  ба ин васила Шумо барои рушди  минбаъдаи Тоҷикистони азиз, муваффақиятҳои нав ба нави ҳар як хонадони ин Ватан, хуллас, тараққиёти  ҳамаҷонибаи диёри маҳбубамон раъй хоҳед дод.

З.Бозорова, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg