БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЛҚИ АЗИЯТДИДАИ ТОҶИК ДИГАРБОРА БА ДАССИСАҲО ДОДА НАМЕШАВАНД

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо мо дар остонаи маъракаи муҳими сиёсии кишвар-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Мутаассифона дар ин лаҳзаҳо, рӯзҳои барои кишвар бисёр муҳим хоинони миллат дар сомонаҳои интернетӣ маводҳои зиёди иғвоангез, ҷудоихоҳ ва хабарҳои бардурӯғро паҳн намуда истодаанд. Махсусан дар ин равандҳо шабакаҳои Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон ва монанди инҳо бештар истифода мегарданд.  

Табиист, ки рафти ин маъракаи муҳими кишварро ҷомеаи ҷаҳонӣ назорат дорад ва дар фазои иттилоотӣ ҳама гуна маълумотҳо барои кишвар бе таъсир нахоҳанд буд. Борҳо собит гардидааст, ки хоинони миллат маҳз бо дарки ин маънӣ, дар чунин рӯзҳо ва ҳаводисҳои ба кишвар муҳим бештар сар дароварда, ба сари давлату миллат санг мепартоянд.

Махсусан иғвогарони сатҳи олӣ, аъзои гурӯҳи террористиву экстремистии ҳизби наҳзат бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва фанатикҳо-пайравони ӯ аз берун истода, нисбат ба раванди интихобот, созандагиву бунёдкориҳои кишвар бо баҳонаҷӯиву айбҷӯиҳои зиёд суханони сӯзанда ва беасос мегӯянд. Неш ба фазои суботи сиёсӣ, сулҳу осоиштагии кишвар мезананд. Ҳар як вазъият ва ҳолатро ба манофеи худ истифода бурдан мехоҳанд.

Кабирӣ ҳамроҳи фанатикҳояш аз амалкардҳои хеш дар солҳои 90-уми асри гузашта тавба накарда, аз рӯзҳои аввали қадам гузоштан ба Аврупо аввалин коре, ки карданд, ин бадном кардан, паст намудани обрӯи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ман ба онҳо, душманони миллат муроҷиат карда мегӯям, ки ин кӯшишҳои пур аз ғаразу ҷудоихоҳи шумо барои бори дигар фирефта кардани халқи азиятдидаи тоҷик хушку холианд! Мо насли ҷавон, насле, ки бо самараи истиқлолияти кишвар соҳибмаърифат, соҳибкасб, солиму тансиҳат ба воя расидаем, намегузорем то фазои сулҳу суботи кишвари азизамон ноором шавад. Дар чанголи мо наафтед, вагарна...

Симои аслии шуморо аз таҷрибаи солҳои 90-уми асри гузашта ҳамагон шинохтаанд. Илова бар ин мо аз ҳаводисҳо, интихоботҳои Ҷумҳуриҳои Белорусия ва Қирғизистон сабақ омӯхта, ба даъватҳои ҷудоихоҳон дода намешавем! Шумо миллати хешро бар ивази пулу мол фурӯхтаед! Ба шумо калима ва ибораҳои муқаддаси ифтихори миллӣ, ватандорӣ, нангу номус, виҷдон бегонаанд! Бас кунед! Тавба кунед!

Халқи заҳматкаш ва азиятдидаи тоҷик дигарбора ба найрангу фиреб ва дассисаҳои шумо душманони миллат дода намешаванд! Зеро шумо дар рӯзҳои барои миллат муҳим, шодиву нишот, махсусан рӯзи интихоботи Президенти кишвар, ки мебояд онро бо рӯҳияи баланди идона ва фазои солими сиёсӣ таҷлил намоем, бо мо ҳамшарик нестед.

Беҳрӯз Бобоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg