БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТРО НАМЕБАХШЕМ!

ВОКУНИШ. Баъди тамошои филми мустанади «Хиёнат» андешае дар сарам чарх мезанад, ки бо кадом дидаю рӯ имрӯз наҳзатиён аз хориҷ истода, чониби кишвари азизи мо сангпартоӣ мекунанд. Охир он кирдорҳои разилонае, ки онҳо дар солҳои навадум нисбати халқи худ анҷом додаанд ҳоло аз хотири мардум фаромӯш нашудааст. Ба ивази пулу мол, курсӣ ба тамоми амоли зишт даст заданд, то ки  супориши хоҷагони хориҷияшонро иҷро намоянд. Барои ин тоифаи хиёнатпеша ватан, модар, миллат, давлат, фарҳанг, ахлоқ, инсонгароӣ умуман арзише надоштааст. Онҳо барои қонеъ гардонидани нафси касифи худ аз ҳеҷ амали зиште рӯ наметофтаанд. Кирдорҳои наҳзатиён, ки дар филми мустанади “Хиёнат” намоиш дода шуд, ҳатто аз ҷониби ягон махлуқи ваҳшӣ низ раво дида намешавад. Таассуфовараш он аст, ки боз бешармона аз номи шариату ислом сухан мегӯянд. Ҳоло он ки дини ислом тарбия аст, покизагист.  Онҳо мехоҳанд, мардуми бесаводро ба ин роҳ фирефта созанд. Кирдорҳое, ки онҳо анҷом медиҳад, ба гуфтаҳои Худову паёмбар заррае иртибот надорад. 

Ҳар яки мо бояд аз ин шароити ободу осудаи Ватан, Роҳбари оқилу раиятпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳза шукрона кунем. Чунин кишвар дар дунё нест, инро бояд хуб донем. Ба суханони беасосу пуч ва туҳматҳое, ки наҳзатиён аз хориҷ истода ҷониби давлати мо баён медоранд, бохирадона ҷавоби сазовор диҳем. Ин аҳримансириштон чи мехоҳанд, аз воқеаҳои солҳои навадум ҳар яки мо хуб медонем.

 Ба пеш мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо  роҳбарии Пешвои миллат!

Ҳакимҷон Ишмуродов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg