БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

М У Р О Ҷ И А Т Н О М А

Интихобот ҳамчун рукни заминасоз ва асоси рушди ҷомеаи демократӣ дар таҳким ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон, ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум нақши муҳимму тақдирсоз дорад.

         Зимнан, давлати демократӣ давлати халқ аст, институтест, ки аз ҷониби халқ идора карда мешавад. Ин рисолати идоракунӣ, пеш аз ҳама ба воситаи интихобот, яъне интихоби роҳбарон ва намояндагони ваколатдори худ (халқ) амалӣ гардонида мешавад.

Аз ин лиҳоз, иштироки ҳар як шаҳрванди қобили амал дар интихобот, ҳамчун рисолати идоракунӣ муҳимму зарурӣ арзёбӣ гардида, саҳмгузории фардиро дар рушду нумӯи кишвар ифода менамояд.

         Мо – ҳизбиёни вилояти Хатлон аз ҳар як фарди ватандӯсту худшиноси Ватан даъват ба амал меорем, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон доир мегардад, фаъолона иштирок намуда, ба пешрафту тараққиёти ҷомеа саҳмгузор бошад.

 

ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ГИРОМӢ!

 

         Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин интихобот ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ номзадии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро пешбарӣ кардааст, ки он аллакай аз тарафи мардуми Тоҷикистон ҳамовозӣ ва ҷонибдорӣ пайдо намудаст.

         Пешвои миллат арзандатарин номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро ӯ наҷотбахши миллат, абармарди дар сатҳи байналмилалӣ шинохташуда, бунёдгари Тоҷикистони муосир, ваҳдатофари замон ва қаҳрамони халқу миллат эътироф гардидааст.

         Дар 7 соли охир зери роҳбарии Пешвои миллат сатҳи зиндагии мардум хеле баланд рафта, сатҳи камбизоатӣ аз 38,3% то ба 26,3% коҳиш ёфт, музди миёнаи меҳнат 2,4 маротиба зиёд гардида, суръати солонаи рушди иқтисодӣ 7% зиёд гардид. Ҳамчунин даромади буҷети давлатӣ аз 12 миллиард то ба 23,6 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ то 50% кам ва дар ҷумҳуриамон беш аз 1500 км роҳҳо сохта шуд. Инчунин як қатор чораву тадбирҳо дар самти бунёдкориву созандагӣ низ амалӣ карда шудаанд, ки дар умум ин ҳама амалишавии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.

         Барномаи пешазинтихоботии номзади мо барои 7 соли оянда зери шиори олии «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» маҷмӯи тадбирҳои бунёдкориву созандагиро фаро гирифта, татбиқи онҳо Тоҷикистонро ба маротиб пешрафтаву мутараққӣ мегардонад.

         Аз ин лиҳоз, баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз, расидан ба зиндагии шоистаи мардум ва барои наслҳои оянда ба мерос гузоштани як кишвари ободу зебо ва бонизому устувор санаи 11 октябр ҳама якҷо бо аҳли оила ба минтақа (участка)-ҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба ҷонибдории арзандатарин номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона овоз медиҳем.

         Ҳар як овози мо, ин саҳми арзанда гузоштан ба ояндаи неку устувори халқу миллат мебошад!

Котиботи Ситоди вилоятии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (вилояти Хатлон)

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg