
ВОКУНИШ. Баъди тамошои филми “Хиёнат” боз дубора он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ пеши назарам омад. Роҳбарияти ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҲНИ барои мансаб, сарват ва давлатро соҳиб шудан даст ба хиёнат заданд, ки амали ноҷавонмардони онҳо дар ин дунёву қиёмат нобахшиданист. Бо тамошои ин филм бори дигар воқиф гардидем, ки ин афроди ҳайвонсифат чи муносибати носазоеро нисбати халқу ватани худ, аз қабили қатлу куштори мардуми бегуноҳ, гаравгонгирӣ, ҷабру зулм, таҷовуз ба номус, дуздӣ бо роҳи зуроварӣ ва даҳҳо чунин амалӣ зишти ғайриинсонро раво дидаанд. Маълум гардид, ки барои онҳо шаъну шараф, виҷдон, нангу номуси тоҷикона эътибор, аҳамият ва арзише надорад.
Имрӯзҳо боз мебинем, ки роҳбарон ва ҳаммаслакони гурӯҳҳои террористӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷониби кишвари осудаҳоли мо аз хориҷа истода, сангпартоӣ мекунанд. Мехоҳанд дубора мардумро бо роҳи фиребу найранг ба доми худ гирифтор созанд.
Ин ҳукми ғуруру хашм то чанд?
Ҳаст аз ту бузургтар Худованд.
Дар тамошои филм ба воқеаҳои солҳои навадум бештар шинос гаштем. Дигар Худованд он рӯзҳои мушкилро ба сари ягон миллат наорад. Ҳеҷ гоҳ ба васвасаҳои ин шайтонсифатон, хоинони ватан бояд гӯш надиҳем. Ақли солимро кор барем. Даъвои ин хоинон танҳо ба хотири расидан ба мақсадҳои нопоки худ, хизмат ба хоҷагони хориҷияшон асту бас, зеро ки бо пули ҳароми онҳо дар хориҷа зиндагӣ доранд. Онҳо худро ғамхори халқ гирифта, суханбозӣ мекунанд, аммо дар асл проблемаи мардум барояшон умуман аҳамияте надорад. Таърих он амалҳои хунхоронаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.
Раҷабзода Қурбонгул, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТдар вилояти Хатлон