БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ СИЁСАТ ТО ИНТИХОБИ ҶАВОНОН

АНДЕША. Соли 1991 халқи тоҷик истиқлолияти миллиро ба даст овард. Дар баробари ба даст овардани истиқлолият бадхоҳони миллати тоҷик мардумро ба доми фиребу фитна кашида, давлатро ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил доданд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳуриямон бисёр нооромиҳо, бесарусомониҳоро мардуми тоҷик аз сар гузаронидааст. Мардум наметавонистанд озодона дар  Ватан сайру гашт карда, кору фаъолият намоянд. Албатта, барои  мардум лозим буд, ки сарвареро интихоб  намоянд, ки миллатро сарҷамъ намояд ва давлатро аз вартаи нестшавӣ раҳо созад. Дар мамлакат гурӯҳҳои тундгарое пайдо шуда буд, ки ба таври худкома худро роҳбар мегирифтанд. Бо суханҳои дурӯғу таъсиррасон мардумонро фиреб медоданд. 

Соли 1992 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, фарзанди барӯманди диёр бо тариқи раъйпурсии вакилони халқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бо саъю кӯшишҳои зиёди Роҳбари давлатамон имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ мешиносанд ва ҳамчун давлати тоҷикон  эътироф мекунанд.  

Мо ҷавонони созандаи имрӯз, пайравони Пешвои миллат, шукргузор аз онем, ки кишвари моро бисёр давлатҳои ҷаҳон  мешиносанд. Мо ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо дониши хубу аъло ва дастовардҳои назаррас Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

Ман ҳамчун яке аз ҷавонони даврони Истиклолият, ба ҳамаи ҷавонони Тоҷикистон гуфтаниям, ки дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ аст, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатамон ва халқи азизамонро нодида нагирифта,, дар интихоботи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ, Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ояндаи  давлатамонро боз хам шукуфону зеботар мегардонанд, овоз диҳед.

Умарзода Ислом Аслон, волонтёри назди КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон   

                                                   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg