
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Сафедоби Ҷамоати деҳоти Панҷруд вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ ва аъзои Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Зимни баромад мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бодомов Назрулло қайд кард, ки 11 октябри соли равон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Мо интихобкунандагон дар асоси дастоварду пешравиҳое, ки маҳз бо маҳсули заҳмати Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастаанд, бояд ба тарафдории номзади арзанда аз ҲХДТ овоз диҳем. Раиси ташкилоти ибтидоии “Сафедоб” Ашуров Шеравган дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сухан карда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки рӯзи интихобот ба тарафдории номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.