БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО - ИНТИХОБИ МО!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №12 вохӯрии гурӯҳи таблиғотию ташвиқотӣ ва аъзои  Ситоди пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо интихобкунандагони деҳаҳои Қаҳрамон ва Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон оид ба  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндаги шоистаи мардум”, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

Ба ҷамъомадагон варақаҳои иттилоотӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg