БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТКОРОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” симои манфури наҳзатиёнро бори дигар кушод. Вожаи Ватан дар ҳамаи забонҳои дунё муқаддастарин калима тасвир ёфтааст. Бузургон ин ду калимаро, яъне Модарро ба Ватан ва Ватанро бо Модар шабоҳат додаанд. Ҳар як инсон худ қазоват кунад, ки бе сарчашмаи ҳаёт- Модар магар инсон ба дунё меояд? Ҳар як инсони соҳибақл худ андеша менамояд, ки албатта  бе Ватан зистан  душвор аст. Ватан ҷои таввалуд, зодгоҳ ҷои зисту зиндагонӣ аст, ки шахс дар онҷо ба воя мерасад, аз ҳавояш нафас гирифта, аз обаш нӯшида ҳаловат бурдааст. Аз ин лиҳоз, ба он муҳаббати беандоза дошта ва баҳри шукуфоияш кӯшиши зиёд мекунад ба мисли модар эҳтиром мекунад ва дӯсташ медорад. Хоинони  ватанфурӯш аз дур ба монанди саг аккос мезананд ба мақсади ноором сохтани шаҳрвандони Ҷумҳурӣ, ки ин хиёнат намудан ба Ватан -Модар аст. Рӯзҳои наздик чи тавре ба шумо маълум аст таввасути шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурӣ филми 4 қисматаи  “Хиёнат” намоиш дода шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки амали хиёнат дар ҳама давру замон маҳкум карда шуда, хиёнаткор бошад шахси пасту беор, манфур ҳисобидашуда дар ҷомеа боиси таҳқир, нафрати аҳли ҷомеа мегардад.Ҳамаи хиёнаткардагон мутобиқи қонунҳои ин ё он давлату кишвар ҷазои сазовор мегирифт. Ҳар як насли калонсоли миллат худ дарк мекунад, ки аз солҳои 90 -уми асри гузашта мардуми кишвар истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ душманони миллат, кӯрдилону ватанфурӯшон бо дастгирии хоҷагони аҷнабии хориҷиашон ба давлату миллати тоҷик хиёнат намуда, вазъи иҷтимоии кишварро ноором намудаанд. Истиқлолияти давлатии  ба дастовардаи мардуми кишвар зарбаи ҷонкоҳе ба қалби он бадхоҳон зад. Бадхоҳони миллат дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низоъу бетартибӣ ташкил намуданд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ва манотиқи кишвар тарафдорони худро пайдо намуда, як қисми мардуми ноогоҳро бо фиребу найранг,  бо ваъдаҳои бардурӯғ ба тарафи худ кашидаанд. Аз беаҳмиятию ноуҳдабароии роҳбарияти давлати ҳамонвақта бемасъулиятӣ ва фалаҷ гардидани мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мардуми тоҷикро ба қисматҳои худӣ ва бегона ва маҳалҳо ҷудо намуда, дар кишвар маҳалгароиро бо дараҷае роҳандозӣ намуданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Мақсади онҳо бо роҳи зӯрӣ  сохти конститутсиониро тағийр доданӣ буданд. Дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997 дар кишвар ташкил намудаи наҳзатиёни террорист, ки зиёда аз 5 сол давом кард,  ба ғайр аз зарари маънавии зиёда аз 150 000  нафар шахсони бегуноҳ  несту нобуд гаштанд. Ноқобилони давр ба мақсад намерасанд.  Албатта ҳеҷ хоин, ҳеҷ беномус, ҳеҷ нохалаф, ҳеҷ як кӯрдил, ҳеҷ як бадбахт, ҳеҷ носипос, ҳеҷ нокас ба муроду мақсади худ нарасидааст ва намерасад.

Ҳар як пиру ҷавон, ҳар як фарди баномус,ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ба қадри Ватан ба қадри Модар бирасад ва шукургузор аз он бошад, ки дар ин давлати тинҷу ором дар фазои истиқлолият зиндагонӣ карда истодаем. Чигунае, ки дар фазои интернет аз дур ватанфурӯшон, хоинон ва мисли худашон фурӯхташудагон ба ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги маломат мезананд, ношукрии ин давлату миллат, ин хоки Ватан ва осудагӣ онҳоро кӯр месозад. Аз ҳамаи муҳоҷирон, аз ҳамаи ҷавонон хоҳиш мекунам, ки ин сафсатаҳои бардурӯғи хоинони миллатро бовар накунанд ва ҳамеша аз сиёсати хирадмандонаву созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҷонибдорӣ намоянд.

Бодомов Назрулло,  мудири шуъбаи ҷавонон ва  занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Ҳамадонӣ                                                

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg