БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА МАКРИ АШХОСИ ШАЙТОНСИФАТ ДОДА НАШАВЕД!

ВОКУНИШ. Қисми 4 ва 5-и филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо  кардем. Ростӣ аз саргузашти талхи даврони ҷанги таҳмилии Тоҷикистон хабар доштем, аммо то ин ҳад, ки дар ин қисматҳои филм шоҳид шудем, бохабар набудем. Ҳамаи ин як сенарияи махсусе будааст, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ таҳрезӣ гашта, ба воситаи гурӯҳҳои наҳзатӣ, ки барои онҳо пулу  мол, мансаб боло аз ҳамагуна арзишҳои инсонист, амалӣ гаштаанд. Таърих чунин хиёнатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намезозад. Наход тоҷик нисбати ҳаммиллати худ бо фармоиши кадом як хоҷаи хориҷӣ чунин аъмоли ғайриинсониро раво бинад. Дар филм намоиш дода шуд, ки ин гурӯҳи хиёнатпеша  бузургтарин шахсиятҳо, чеҳраҳои намоён ва асили миллатро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Амалҳоеро анҷом додаанд, ки ҳатто аз ҳайвони ваҳшӣ низ интизор нахоҳӣ шуд. То ҳол даҳшати шуми ин кирдорҳои ғайриинсонӣ аз пеши назари аксари мардуми кишвар дур нарафтааст, то ҳол талхии он рӯзҳоро мардум эҳсос мекунанд.

Хушбахтона бо талошҳои фарзандони фарзонаи миллат, хусусан бо саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҳамаи ин бедодгариҳо гирифта шуд ва мардуми Тоҷикистон ба чунин рӯзҳои хуш расиданд. Хушбахтона имрӯз дар шароите зиндагӣ дорем, ки фақат аз пешрафту ободӣ сухан мегӯем. Тоҷикистон  дар қатори кишварҳои амнтарини дунё  қарор дорад. Моро мебояд, аз ҳақиқати талхи таърих сабақ омӯзем, ба қадри ин сулҳу салоҳ ва тинҷиву осудагӣ  расем. Бояд дӯстро аз душман хуб фарқ кунем ва ба макру ҳиллаи чунин ашхоси шайтонсифат дода нашавем. 

М. Акрамов, мудири шуъбаи иттилооти КИ ҲХДТ  дар вилояти Хатлон    

                                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg