БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Октябр 2018

Тарбияи дурусти наврасон вазифаи ҷонии ҳизбиён ба ҳисоб меравад

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи бачагонаи №1» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Мардуми тоҷикро наҳзатиҳои ватанфуруш гумроҳ карда наметавонанд

ВОКУНИШ. Чанде қабл дар ҳошияи нишасти САҲА оид ба андозагирии ҳуқуқи инсон дар Варшава аз ҷониби мафияи наҳзатиҳо боз фитнае ба кор бурда шуд. Онҳо навиштаҷотеро бо номи “озод намудани маҳбусони сиёсӣ” ба собиқ намояндаи худ доданд. Дар ин ҳолат низ онҳо амали “найрангро” ба кор бурданд. Бинобар он, ки намояндаи собиқи онҳо забони хориҷиро чандон хуб намедонад инро ба назар гирифта бо забони хориҷӣ навиштаҷотро ба дасти ӯ доданд.

Наҳзатиён аз феъли бади худ беватану бекафан шуданд!

ВОКУНИШ. Рӯбоҳ дар ниқоби гусфанд ба макри нав даст мезанад. Наҳзатиёни беватану бекафан таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ, ки ба онҳо паногоҳи сиёси додаанд, иттиҳоди бо номи нав «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро ташкил кардаанд. Иттиҳоде, ки ҳатто хоҷагонашон ҳам аз шарм расман онро эътироф накардаанд.

Солимии ҷомеа – пойдории давлат!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара  дар деҳаи Туябиюни  ҷамоати деҳоти Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал ҷараён дорад

ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Ботробод»-и ҷамоати шаҳраки Киров чорабинии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир намуд.

Дар чорабинии мазкур бонувони намунаҳои ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ роҳнамои ҷомеа гаштаанд

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғуртаи вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Яксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” миёни сокинон тарғиб карда шуд

БАЛҶУВОН. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор  намуданд.  

Огоҳии сиёсӣ омили пешгирӣ аз хатарҳои муосир аст

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асоев Хизридин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Абдувадуд Дӯстов»-и ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб доир гардид.

Мардуми бофарҳангро террористону экстремистон гумроҳ карда наметавонанд

ПАНҶ. Дар маҳаллаи Буркаи  ҷамоати деҳоти К.Сайфутдинови ноҳияи Панҷ бо фаъолон ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Нуробод» тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Мардум барои эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ талош варзида истодаанд

КУШОНИЁН. Бо мардуми  ҳунарманди  деҳаи Бофандаи ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара  ва мудири шуъбаи кор бо занон  ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, инчу

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg