БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҷомеа – пойдории давлат!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара  дар деҳаи Туябиюни  ҷамоати деҳоти Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар  он  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, доир ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хатар, оқибатҳо ва пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” анҷом додани корҳои созандагию ободкорӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуд.

Мавсуф, зимни андешаронӣ иброз дошт, ки тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи баланди худшиносӣ ва ватандӯстӣ, садоқат ба хоку оби сарзамини аҷдодӣ ҳамчун мавзӯъҳои асосии чорабинӣ мавриди назар қарор дод.

Дар охир Каримов Пирмуҳаммад аз сокинон даъват ба амал овард, ки  ҷавонони синни даъватиро ба сафҳои Артиши миллӣ сафарбар намоянд, чунки адои хизмати Ватан-Модар  ва ҳифзи марзу буми кишвар қарзи ҳар як ҷавонмарди баномус  аст.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg