БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми бофарҳангро террористону экстремистон гумроҳ карда наметавонанд

ПАНҶ. Дар маҳаллаи Буркаи  ҷамоати деҳоти К.Сайфутдинови ноҳияи Панҷ бо фаъолон ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Нуробод» тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар  мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуот Шомаҳмадзода Музаффар, мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирӣ Тоҳиров Ҳошим ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Файзиев Каримҷон оид ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ва хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо андешаронӣ намуда,  аз иштирокдорон махсусан занону модарон даъват ба амал овард, ки дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Чунки муаллимӣ аввалини фарзанд модар аст. Ҳамчунин, мавсуф дар идомаи баромад оид ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва риояи талаботи  Конунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистн» суханронӣ намуд.

Дар идома Раҷабов Сабзалӣ  вакили Маҷлиси вакилони хали ноҳия оид ба пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  мубориза бар зидди  терроризм ва экстремизм, пешгирии гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар  мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва  гурӯҳи 24 бо исботу далелҳо суханронӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg