БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи дурусти наврасон вазифаи ҷонии ҳизбиён ба ҳисоб меравад

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғчаи бачагонаи №1» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар хониши сиёсӣ  масъулин зимнан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  тарбияи дурусти насли наврас аз боғча то мактаб, саҳми мураббиёну омӯзгорон оид ба таълиму тарбияи  онҳо андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки муносибати омӯзгору мураббия ва мавқеъи он дар таълим, дастгирӣ ва тарбияи инсоният дар вуҷуди онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар як  фарди худогоҳу ватандӯстро, аз ҷумла мураббия ва омӯзгорро лозим аст, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи баланди худшиносии миллӣ, дӯст доштани меҳан, эҳтироми падару модар ва насли калонсол тарбия карда, дар баланд бардоштани малакаи дониши онҳо  саҳми  муносиб гузорад.

Инчунин, дар ин раванд масъулин  вобаста ба  эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ва озмунҳои ҳизбӣ андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg