БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Яксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” миёни сокинон тарғиб карда шуд

БАЛҶУВОН. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор  намуданд.  

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 208-2028”, бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки мардуми  ноҳияи Балҷувон  аз қадим дорои касбу ҳунарҳои мардумӣ буда,  бо дастони мӯъҷизаофаринашон  дар  чорабиниҳои фарҳангии  сатҳи ноҳияву вилоят ва  ҷумҳурӣ низ иштироки фаъолона дошта, бо  туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ гардидаанд. Аз ин рӯ, ҳар як ҳунарманди асилу чирадастро  барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Тарроҳи беҳтарин” даъват намуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg