БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён аз феъли бади худ беватану бекафан шуданд!

ВОКУНИШ. Рӯбоҳ дар ниқоби гусфанд ба макри нав даст мезанад. Наҳзатиёни беватану бекафан таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ, ки ба онҳо паногоҳи сиёси додаанд, иттиҳоди бо номи нав «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро ташкил кардаанд. Иттиҳоде, ки ҳатто хоҷагонашон ҳам аз шарм расман онро эътироф накардаанд. Муассисони ин иттиҳод ҷосусони хориҷӣ ва ҷамъи қотилони миллати тоҷик аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонҳамчун ҳизби терористӣ қатъ гардонда шудааст.

Ин хоинон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар муҳлати 27-сол ягон амали бунёдкориро баҳри Ватан ба анҷом нарасонида, балки якҷо бо хоҷагони зархариди худ даҳҳо амалҳои душманона бар зидди Ватану миллат анҷом доданд. Натиҷаи амалҳои разилонаи онҳо имрӯзҳо ба ҳамма тоҷику Тоҷикистонӣ маълум гашт. Ин рӯбоҳони макор имрӯзҳо бо ивази номи иттиҳод мехоҳанд боз ба ҷамъияти мо нооромӣ биёранд. Аз хоки бегонагон аз хориҷи  кишвар хоинонро омода сохта ба Ватан барои содир намудани амалҳои терористи мефиристанд.Чунин амалҳои терористӣ рӯзи 29.08.2018 бар зиди саёҳони хориҷи дар шоҳроҳи Душанбе – Кулоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба анҷом расонида шуд.

Ин хоинони бегонапараст бояд донанд, ки миллати ватандӯсти тоҷик сулҳу ваҳдатро зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.

Тавакал НАҶИДУЛЛОЕВ – узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg