БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳии сиёсӣ омили пешгирӣ аз хатарҳои муосир аст

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асоев Хизридин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Абдувадуд Дӯстов»-и ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории хониши сиёӣ фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафҳои Артиши миллӣ -ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ дар мавсими тирамоҳӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, огоҳонидани онҳо аз хавфу хатарҳои ҳизбу ташкилотҳои дар кишвар мамнуъ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз  суханронӣ намуда, иштирокдорон барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои неку созандаи ҲХДТ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg