
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғуртаи вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок намуда, атрофи сатмҳои афзалиятнофи фаъолити ҳизбӣ андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки мо бояд бо такя ба нерӯи созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон душвориҳои мавҷударо ҳал намоем.
Ба ҳайси қишри ташаббускори ҷомеа бояд пайваста кӯшиш кунем, ки арзишҳои ҷаҳонбинӣ ва идеяҳои худро дар байни мардум таблиғ намоем, тамоюл ва равандҳои сиёсиро ҳамеша таҳти назар дошта бошем.